Обуҳавошиносон аз эҳтимоли омадани сел хабар медиҳанд

© Pixabay/NickyPeПрогулка в дождливую погоду
Прогулка в дождливую погоду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгўӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Шабонарўзи наздик дар доманакўҳ ва минтақаҳои кўҳии вилоятҳои Хатлону Суғд эҳтимоли фаромадани сел пешгўӣ мешавад. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд) ва минтақаҳои кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ (шоҳроҳи Нуробод- Сангвор) фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Наводнение. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 127 нафар бар асари бориши шадиди борон, сел ва рониши замин

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгўӣ мешавад. Инчунин дар ағбаҳо пайдоши қабати барф, яхбандӣ ва ҷамъшавии барфтўдаҳо дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят  борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+3 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони майда меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0