Ҷашнҳои рӯзи 29 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 29 февраля
День 29 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту нӯҳуми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир ва дар Украина Рӯзи хизмати роҳбаладии флоти ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ доир мешавад

Рӯзи 29 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1854 Ҳизби ҷумҳуриявии ИМА таъсис дода  шуд.

Соли 1922 Ҷумҳурии Миср соҳибистиқлол гардид.

Соли 1992 миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

Соли 1946 маҷаллаи варзишии Франсия  «L’Equipe» созмон дода шуд, ки он баъдан ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ва беҳтарин футболбози Аврупоро таъсис дод.

Рӯзи 29 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид.

День 27 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 27 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 тасдиқ карда шуд.

Соли 2014 муовини Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷаласаи машваратӣ доир намуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо зиёиёни эҷодкори мамлакат  интихоб намуд. Дар он нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни мамлакат аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 феврал

  • Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир.
  • Украина – Рӯзи хизмати роҳбаладии флоти ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ.
Лентаи хабарҳо
0