02:47 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар кишвар ҳаво андаке абри, вале бебориш хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби ин вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бе бориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва барфу борон дар назар аст

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дамиои ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ