23:10 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
548 0 0

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки то соати 12:00 дар кишвар 2 миллиону 323 ҳазору 516 нафар дар интихоботи парлумонӣ иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки то ҳол 47,1 % интихобкунандагон дар интихобот ширкат карданд.

Интихобот дар 3 ҳазору 412 қитъаи интихоботӣ идома дошта, ба гуфтаи Махфират Хидирзода то ин лаҳза ба КМИР ягон шикоят ворид нагардидааст.

"Ховар" хабар додааст, ки доир ба ҷараёни овоздиҳӣ имрӯз, 1 март мустақиман 4 маротиба- соатҳои 9, 12, 15 ва 18 хабар дода мешавад.

Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон соати 15:00 пешниҳод мегардад.

Тибқи иттилои КМИР, беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Тоҷикистон аз субҳи барвақт то 20:00 бо вақти маҳаллӣ кушода хоҳанд буд ва КМИР изҳор дошт, ки ҳар ду соат натиҷаҳоро эълон хоҳад кард.  Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Тоҷикистон аз субҳи барвақт то 20:00 бо вақти маҳаллӣ кушода хоҳанд буд ва КМИР изҳор дошт, ки ҳар ду соат натиҷаҳоро эълон хоҳад кард

Мавзӯъҳои асосӣ