09:44 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
8457 0 0

Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи як қарори Ҳукумат тайи як соли охир шиносномаҳои сурхи намунаи соли 1996-ро бо шиносномаи пластикии намунаи соли 2014 иваз мекарданд, ҳозир шудани раисиҷумҳури Тоҷикистон бо шиносномаи сурх гумонҳоеро барангехт

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо шиносномаи ба истилоҳ коғазии сурх ба нуқтаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳозир шуда, овоз дод.

Рустами Эмомалӣ шиносномаашро иваз кардааст

Нашри аксҳои раисиҷумҳур бо шиносномаи сурх дар даст дар шабакаҳои иҷтимоӣ гумонҳоеро барангехт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз шиносномаи намунаи куҳнаи соли 1996-ро дорад. Аммо маълум шуд, ки шиносномаи раисиҷумҳур на куҳна, балки навъи дипломатӣ будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар нуқтаи овоздиҳӣ
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар нуқтаи овоздиҳӣ

Ин дар ҳолест, ки иваз намудани шиносномаи сурхи намунаи соли 1996 ба намунаи кортии соли 2014 тайи як соли охир аз масоили доғ буд, чун бар асоси қарори Ҳукумат шаҳрвандони кишвар бояд то нимаи моҳи феврали соли равон симкортҳои худро бо пешниҳоди шиносномаи нав дубора сабт мекарданд.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як қарор муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои навро то 15 феврали соли 2022 тамдид кард.

Тибқи иттилои расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, рӯзи тасвиби қарори ҳукумати Тоҷикистон то якуми январи соли равон 3 миллиону 36 ҳазору 433 симкорт дубора бо корти шиносоии соли 2014 сабти ном шудаанд ва ҳамоно 3 миллиону 855 ҳазору 789 – и онҳо бо шиносномаи 1996 сабт шудаанд.

Барчаспҳо:
шиноснома, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ