21:09 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
518200

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз 1-уми март дар қитъаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар интихоботи парлумонӣ иштирок кард

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Шабакаҳои телевизионии давлатии Тоҷикистон ҷараёни раъйдиҳии Рустами Эмомалиро аз субҳи имрӯз борҳо нишон доданд, ки дар он дида мешавад, шаҳрдори Душанбе ба масъулини маркази интихоботӣ шиносномаи пластикии намунаи соли 2014-ро пешниҳод мекунад.

Инчунин дар қитъаи интихоботии мазкур Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ имрӯз раъй дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди шиноснома дар нуқтаи овоздиҳӣ
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо шиносномаи ба истилоҳ коғазии сурх ба нуқтаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳозир шуда, овоз дод. Нашри аксҳои раисиҷумҳур бо шиносномаи сурх дар даст дар шабакаҳои иҷтимоӣ гумонҳоеро барангехт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз шиносномаи намунаи куҳнаи соли 1996-ро дорад. Аммо маълум шуд, ки шиносномаи раисиҷумҳур на куҳна, балки навъи дипломатӣ будааст.

Ин дар ҳолест, ки иваз намудани шиносномаи сурхи намунаи соли 1996 ба намунаи кортии соли 2014 тайи як соли охир аз масоили доғ буд, чун бар асоси қарори Ҳукумат шаҳрвандони кишвар бояд то нимаи моҳи феврали соли равон симкортҳои худро бо пешниҳоди шиносномаи нав дубора сабт мекарданд.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як қарор муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои навро то 15 феврали соли 2022 тамдид кард.

Барчаспҳо:
шиноснома, Рустами Эмомалӣ, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ