Натиҷаҳои қаблии интихоботи парлумонӣ имрӯз пас аз нисфирӯзӣ эълон мешавад

© SputnikУрна для голосования-выборы парламента 2020
Урна для голосования-выборы парламента 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Натиҷаи қаблии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 2 марти соли равон пас аз нисфирӯзӣ, эълон карда мешавад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00  шаффоф ва ошкоро гузашт.

Интихобот дар парламентӣ: интихобот дар Маскав чӣ гуна гузашт  - Sputnik Тоҷикистон
Навбат дар сафорат: иштироки фаълонаи муҳоҷирони тоҷик дар интихоботӣ парлумонӣ

“Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 236 мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи САҲА, Комиссияи интихоботии дигар давлатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва 4910 мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад”, – зикр кард Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.

Номбурда таъкид доштааст, ки соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва Комиссияи участкавӣ ба ҳисоби овозҳои интихобкунандагон шурӯъ кард. Натиҷаи ин ҷамъбаст бо протоколи комиссияи участкавӣ ба расмият дароварда мешавад ва ба ҳавзаҳои якмандатии интихоботии дахлдор пешниҳод мегардад.

Бино ба маълумоти КМИР, дар ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки то соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 миллиону 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4 дарсад, то соати 12:00 дар миқёси ҷумҳурӣ 2 миллиону 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 дарсад ва то соати 15:00 3 миллиону 703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 дарсад интихобкунандагон дар интихобот иштирок кардан два интихобот дар  Тоҷикистон баргузоргашта эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0