07:13 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
232901

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, натиҷаҳои аввалияи интихоботи парлумонии 2020-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба иттилои Худоёрзода, дар интихоботи парлумонии 1 март аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.

Ба иттилои Худоёрзода, аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 курсии вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо - 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон -  5,15 дарсади овозҳо - 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 3,1 дарсад ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо 0,32 фоизи овозҳо ба парлумон роҳ наёфтанд. Инчунин дар интихобот 59 ҳазору 30 нафар, 1,39 дарсад мухолифи ҳама овоз додаанд. 

Аз бонуи миллионер то раиси коммунистҳо ва собиқ вазирон: киҳо вакил шуданд?

Ба иттилои Худоёрзода, дар рафти интихобот ба гуруҳи корӣ дар КМИР ва назди Додситонии кулли Тоҷикистон 15 муроҷиат ворид гардид, ки ҳамаи онҳо саривақт ҳал шуданд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ