22:17 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
611 0 0

Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи сӯхтор дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро тавзеҳ додааст. Сӯхторхомӯшкунон пеш аз ҳама беш аз 70 ҳазор китобро аз коми оташ берун кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар тафсилоте, ки ВКД аз сӯхтор дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон менависад, бармеояд, ки сӯхтор соати 06:38 сар зад.

"Дар баробари қабули хабар фавран ба маҳали ҳодиса 16 адад нақлиётҳои асосӣ ва махсусӣ сӯхторхомушкунӣ ва 115 нафар ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва РХДО шаҳри Душанбе, инчунин хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ сафарбар карда шуданд", - омадааст дар иттилоияи ВКД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон дар масоҳати 630 метри мураббаъ дохил ва болопуши бинои китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро оташи кушод ва дуди ғализ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар қисматҳои бино ва биноҳои дигари таълимии дар шафати он ҷойгир буда ба миён омада буд.

"Бо чораҳои андешидашуда молу ашёҳои қимматнок, компютеру дигар асбобу таҷҳизотҳои муосир ва китобҳои илмию бадеӣ, ки шумораашон зиёда 70 ҳазор ададро ташкил менамуд аз нобудшавӣ дар коми оташ наҷоддода шуданд", - тавзеҳ медиҳад вазорат.

Ҳамчунин дар натиҷаи амалиёти фаврии гузаронидаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар кутоҳтарин фурсат ба пуррагӣ хомуш карда шудааст.

Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД идома дорад.

Гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад: шарҳи ВКД аз сӯхтор дар “Шарқи озод”

Қобили қайд аст, ки аз сӯхтор ҳеҷкас зарари ҷисмонӣ набардоштааст ва фавти одамон низ бақайд гирифта нашудаст.

Пешар як намояндаи донишгоҳ дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки сӯхтор дар ошхона ва китобхонаи ДТТ рух дод.

Мавзӯъҳои асосӣ