22:44 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
451 0 0

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон олимон маҳлулеро барои пешгирии вируси гузарандаи корона истеҳсол кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Фаронса Оливйе Веран аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки аз бӯса ва дастфишурӣ худдорӣ намоянд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Вазир зидди анъанаи франсавии бӯса кардан бо сабаби таҳдиди коронавирус баромад намудааст.  Вай ҳамзамон гуфт, ки одамон бояд  аз дастфишурӣ худдорӣ намоянд. 

1 март, вақте ки дар Арманистон аввалин ҳолати сирояти  коронавируси намуди нав пайдо  шуд, вазири тандурустии ин мамлакат Арсен Торосян нишасти фаврии матбуотӣ баргузор карда, инчунин маслиҳат дод, ки бо даст салом карданро бас кунанд.

“Ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки агар имкон бошад, бо шахсони бемор робита накунед, ниқоб пӯшед, дасти худро зуд-зуд шуед, моеи спиртдорро истифода баред ва  ҳавои ҳуҷраро тоза кунед. Боз як таклифи дигар дорам: биёед зимни вохӯрдан бӯса накунем, ба зудӣ ҳаво гарм мешавад ва мо бо ҳамдигар гармтар салом хоҳем кард. Ҳангоми мулоқот низ аз дастфишурӣ худдорӣ кунед ”-гуфт Арсен Торосян.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки олимони тоҷик барои пешгирӣ аз вируси корона маҳлул истеҳсол карданд.

Олимони тоҷик барои пешгирии коронавирус маҳлул истеҳсол карданд

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии мубориза бо вирусҳо, аз ҷумла намудҳои гепатит, ВИЧ/СПИД, зукоми мавсимӣ ва, албатта, коронавирус бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуд.

Пештар ин маҳлул бо арзиши гарон аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ