08:06 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
191 0 0

Ин иқдоми шаҳрдории Душанбе чун анъана бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барои занони кӯчарӯби пойтахт беш аз 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати пойтахт хабар медиҳад, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе  3   миллиону  192  ҳазор  сомонӣ  маблағ  ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии  шаҳр, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ҷудо гардид.

Дар ин бора қарори марбуотаи раиси шаҳр низ ба имзо расидааст, ки барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

 Гуфта мешавад, ин иқдом  чун анъана бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз роҳандозӣ гардидааст.

Аз Рузи модар то Наврӯз: 14 рӯзи истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март

Рустами Эмомалӣ  масъулинро вазифадор намуд, ки то 7 марти соли 2020 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудошуда ба бонувони зикршуда  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Мавзӯъҳои асосӣ