22:31 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
130610

Машқу тамрини донишҷӯён, барои бошукӯҳ ва дар сатҳи баланд таҷлил шудани Наврӯзи байналмилалӣ дар Хуҷанд ҷараён дорад. Масъулин дар вилояти Суғд мегӯянд, дар бораи қатъ кардани омодагиҳои ҷашни наврӯзӣ то ба ҳол ҳеҷ дастур аз сӯи ниҳодҳои марказии кишвар нагирифтаанд

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Ҷашни Наврӯзи байналмилал имсол дар Хуҷанд таҷлил карда мешавад ва манобеи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати Суғд мегӯянд, барои қатъ намудани тамрини чорабиниҳои фарҳангӣ то ҳол ҳеҷ аз сӯи ҳеҷ ниҳодҳои марказии кишвар дастур нагирифтаанд.

Таджикские красавицы
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Масъулин мегӯянд, паҳни хабарҳо, ки гуё бо дастури Вазорати маориф ба хотири пешгирӣ аз эҳтимолияти коронавирус машқу омодагиҳои ҷашнӣ боз дошташудааст, ҳеҷ асосе надоштааст.

Ҳамсӯҳбатони мо дар идораҳои ҳукумати Суғд аз дарёфти мактубе, таъкид мекунанд, ки дар он бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки васеъи сокинон таъкид шудааст.

Ба гуфтаи манобеъ, ин мактуб дирӯз бо супориши Роҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳур ба унвонии идораҳои ҳукумати Суғд ироа шудааст.

“Дирӯз аз идораи марказӣ мактуб гирифтем ва дар он гуфта мешавад, ки аз санаи 20 то 26 – уми март, Иди байналмиллалии Наврӯзро дар сатҳи баланд дар доираи арзишҳои миллии фарҳангӣ, суннатҳои наврӯзӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир намоем”, - афзуд манбаъ.

Бар асоси ин мактуб ба масъулини Суғд дастур дода шудааст, ки дар рӯзҳои баргузории Ҷашни Наврӯз бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои сухтор дар маҳалли баргузории чорабиниҳои идона навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шавад.

Баъзе аз расонаҳои хабарӣ дар Хуҷанд бо ишора ба таъкиди сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус иштироки донишҷӯён дар машқу тамрини чорабиниҳое, ки дар рӯзи Наврӯз дар Хуҷанд баргузор карда мешаванд, қатъ шудааст.

Аммо манобеъ аз идораҳои ҳукумати Суғд ин хабарро рад намуда, аз раванди омодагиҳои худ ба ин ҷашни миллӣ зикр мекунанд. Ҳоло тавре дида мешавад, баъд аз зуҳри имрӯз ҳам тамрини донишҷӯён ва ҳунармандони Суғд дар Варзишгоҳи ба номи “20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” дар Хуҷанд ҷараён дорад. Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ҳам дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки ҳоло ҳамроҳи иштирокчиён барои баргузор кардани муҳимтарин чорабинии наврӯзӣ дар Хуҷанд тамрин доранд.

Дар ҳамин ҳол, пештар Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод тасмим гирифтааст ба хотири омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатӣ, худдорӣ аз харҷи ҳама намуди маблағҳо ва ҳам ҷилавгирӣ аз сирояти “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” (COVID-2019) машқҳои омодагӣ ба ҷашни Наврўзи байналмилалиро қатъ кунад.“Дар ин маврид дастури дохилиидоравии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз сирояти “вируси тоҷдор” (COVID-2019) содир шудааст”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.

Вазорати маориф: қатъи “маршировка” – и наврӯзӣ ва омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолият

Сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, дастури мазкур ба роҳбарони тамоми муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ ирсол шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ