14:07 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
694 0 0

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шаҳри Душанбе фаъолияти боз як фоҳишахона қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар пойтахти кишвар як сокини кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт шудааст.

Тавре дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, кормандони ин ниҳоди қудратӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 49-солаеро боздошт карданд, ки дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахонаҳо гомонбар дониста мешавад. 

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки номбурда, санаи 4-уми марти соли 2020, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан аз марди 26-солаи сокини пойтахт ва зани 21-солаи сокини ноҳияи Фархор маблағи 200-сомониро ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи кишвар аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 25 феврали соли равон ВУД Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар маркази Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ хонаи истиқоматиеро, ки ба фоҳишахона табдил дода шуда буд ошкор карданд.

Манбаъ хабар дода буд, ки кормандони милитсия зани 27-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 24-уми ферали соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 31 ва зани 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Барчаспҳо:
табдил, боздошт, шаҳр, қатъ, фаъолият, Душанбе, фоҳишахона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ