22:51 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
424 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман изҳорот дода, гуфтааст, ки коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Вазорат бо таассуф аз ҳангомапароканӣ атрофи ин беморӣ дар кишвар интиқод кардааст

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон имрӯз, 5 март расман дар муроҷиат ба мардуми кишвар таъкид кард, ки ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорат бо изҳори таассуф аз ҳангомаофарӣ атрофи ин беморӣ гуфт, ки ҳамаи чораандешиҳо танҳо барои пешгирӣ аст.

"Аз бозорҳо барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрока ва ба ташвишу таҳлука овардани дигарон кори ғайримантиқӣ буда, дар пешгирии коронавирус умуман манфиат надорад ва баръакс ин омил издиҳом ба вуҷуд оварда, боиси паҳншавии дигар бемориҳои сироятӣ мегардад", - менависад манбаъ.

Ниҳод таъкид мекунад, ки барои пешгирии вируси мазкур риояи қоидаҳои оддӣ ба мисли шустани дастон, варзиши бадан, риояи гигиенаи шахсӣ, худдорӣ намудан аз сайругашт дар ҷойҳои серодам басанда аст.

Салом бо пой ва оринҷи даст: коронавирус тарзи дурусти салом карданро иваз намуд - видео

Чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

"Бо мақсади ошкорсозии бемории коронавирус озмоишгоҳҳои кишвар пурра омода  ва бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат таъкид мекунад, ки то ҳол шаҳрвандоне, ки аз 6 кишвар- Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон, Эрон ва Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дархости пизишки машҳури рус: воҳимаандозони коронавирус муҷозоти шадид шаванд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар изҳор менамояд, ки то имрӯз сирояти  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва ҳамзамон аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки ба овозаҳои бардурӯғ ва дасисаву иғво фирефта нашаванд, зиндагии муқаррарии худро идома дода, танҳо ба тозагиву гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Мавзӯъҳои асосӣ