23:19 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
781 0 0

Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орд, равған, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот кофӣ ва бархе аз меъёр зиёд дар анборҳои давлатӣ хобидаанд

ДУШАНБЕ, 4 март – Sputnik. Ин ниҳод бо пахши як муроҷиатнома аз мардуми кишвар хост, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор дар бораи кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввал бовар накунанд, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд.

Зуҳриддин Кенҷаев, сардори Сарраёсати сиёсати тиҷоратӣ ва бозори истеъмолии вазорати рушди иқтисод ва савдо Sputnik Тоҷикистон гуфт, маводи ғизоие, ки дар кишвар истеҳсол ва аз хориҷа ворид мешавад, эҳтиёҷи мардумро дар дарозмуддат бароварда мекунанд.

"Мо асосан маводи ғизоӣ, бахусус орду гандумро тибқи шартнома аз Қазоқистону Русия ворид мекунем. Аз сӯи дигар, агар дар он кишварҳо ҳам шуюъи вирус иттифоқ афтад, он ба маҳсулот, бахусус маводи ғизоӣ таъсире нахоҳад дошт, чун вирус дар ҷисми зинда пайдо мешавад ва дар ҷисми беҷон умри кӯтоҳ дорад, яъне моле, ки ворид мешавад, ҳеҷ гоҳ манбаъи сироят буда наметавонад", - гуфт Зуҳриддин Кенҷаев.

Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон соли гузашта 106,3 фоиз ва моҳи январи соли равон дар қиёс бо ҳамин моҳи соли 2019 120 фоиз зиёд шудааст.

Сардори Сарраёсати сиёсати тиҷоратӣ ва бозори истеъмолии вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, ҳиссаи Чин дар воридоти маводи ғизоӣ хеле ночиз 0,3 фоиз аст ва ҳам аз кишварҳое, ки ҳоло бо “вируси тоҷдор” дасту панҷа нарм мекунанд, воридоти хӯрока хеле ночиз аст.

Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2019 дар Тоҷикистон 1,4 миллион тонна ғалла, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна истеҳсол шуда, 1,1 миллион тони дигар ворид шудааст. Орд тахминан ба 1,5 миллион тон истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо соли 2018 132 ҳазор тон зиёд аст.

Дархости пизишки машҳури рус: воҳимаандозони коронавирус муҷозоти шадид шаванд

Бино ба ин манбаъ, равғани хӯрданӣ 120 ҳазор тон (ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тон зиёд), гӯшту маҳсуоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тон (нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тон зиёд), тухм 766 миллион дона (726 миллион дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 миллион – воридот ва нисбат ба соли 2018 281 миллион дона зиёд) истеҳсол ва ворид шудааст.

Рӯзи 3 март дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон аз овозаи ин, ки бо шуюъи “вируси тоҷдор” дар кишвар воридоти маводи ғизоӣ қатъ мешавад ва қиматҳо боло хоҳанд рафт, мардуми зиёде сар ба мағозаву дӯконҳо зада, харидҳои бузург анҷом доданд. Бухусус бозори орд, муҳимтарин маводи ғизоии сокинони Тоҷикистон, гарм шуд ва қимати он аз 160 - 190 сомонӣ ба 250 сомонӣ боло рафт.

Қимати равған, гӯшт, шакар, тухм ва дигар маводи ғизоӣ низ ба осмон дакка хӯрд.

Аммо имрӯз, 4 март, ин шӯру шаафҳои кӯчаву бозорҳо поин омада, қиматҳо ҳам ба ҷои худ баргаштаанд.

"Мардуми мо набояд фирефтаи воҳимаву овозаҳо шаванд. Инро ҳам фаромӯш накунанд, ки ҳар як маҳсул мӯҳлати истифодаи худро дорад, фикри нигаҳдориашро дошта бошанд ва дидаву дониста харҷи беҳуда накунанд", - гуфт Зуҳриддин Кенҷаев/

Қаблан Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳам аз хабарнигорон даъват карда буд, ки ба анборҳои Агентии захираҳои давлатӣ раванд ва бубинанд, ки давлат чӣ қадар захира дорад.

Вай гуфт, захираҳои хӯрока ду сол эҳтиёҷи 9,5 миллион нафар аҳолии Тоҷикистонро бароварда мекунад.

Барчаспҳо:
маводи хӯрока, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ