Даъвати Раҳмонзода аз масъулин: дар интихоби довталабон ҷиддӣ бошед

© © Sputnik / Амир ИсаевПомощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мушовири президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз масъулони баргузории озмун даъват кардааст, ки ба раванди ташкилӣ ва интихоби довталабон ҷиддитар муносибат намоянд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ширкати мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи васеъ оид ба маъалаҳои ташкилии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар ҷаласа инчунин роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зерсохтори он, раёсату бахшҳои фарҳанг дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва аъзои гурӯҳи кории озмун ширкат намудаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфтааст, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон имсол шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" - 70000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ӯ ҳамчунин оид ба аҳамияти чорабинии мазкур дар рушди санъати миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав сухан ронда, аз масъулони баргузории озмун даъват кардааст, ки ба раванди ташкилӣ ва интихоби довталабон ҷиддитар муносибат намоянд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оид ба корҳои омодагӣ, вазифаҳои гуруҳи корӣ ва нақшаву тартиби чорабинӣ ба ҳозирин маълумот додааст.

Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" тибқи амри Президенти Тоҷикистон имсол бори дуввум дар саросари кишвар баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0