14:19 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156110

Бо гузашти ҳамагӣ як рӯз аз паҳни хабари бардурӯғи дарёфти сирояти коронавирус дар кишвар, ки ба ҷаҳиши нархи маҳсулот аз ҷумла орд дар бозорҳо боис гардид, ҳоло дида мешавад, ки арзиши ин навъи маҳсулот аз будаш дида арзонтар шудааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Онҳое, ки ин хабари дурӯғро барои манфиат бардоштани худ дар бозорҳо паҳн кардаанд, дарк карданд, ки ин кор бар зарари худашон тамом шудааст, зеро ҳоло шумори харидорони орд дар бозорҳо ба маротиб кам шуда ва ордфурӯшон дар интизори харидорон ҳастанд.

Ба фарқ аз рӯзи гузашта, ҳоло дар Панҷшанбебозори Хуҷанд дида мешавад, ки қиммати як халта орди 50 килоӣ ба 175 -185 сомонӣ коҳиш ёфтааст ва онҳое, ки дирӯз ба саросемагӣ як халта ордро бо нархи то 300 сомонӣ харидорӣ намуданд, акнун дар ҳайратанд, ки чӣ тавр ба дурӯғ бовар карда ба иқтисоди худ зарар расонидаанд.

Дирӯз шуморе аз мардум аз паҳни хабари бардурӯғ ба таҳлука афтода, дар бозорҳо якбора ба ордхарӣ машғул шуданд. Дар натиҷаи зиёд шудани шумори харидорон, бархе аз фурӯшандаҳо қиммати ордро боло бурданд. Аммо ҳоло дида мешавад, ки дар дӯкону растаҳои бозорҳои Суғд пур аз халтаҳои орд буда ва фурӯшандаҳо интизоранд, ки харидорон ба моли онҳо мурур кунанд.

Орд ҳаст: Вазорат гуфт аҳолӣ ба камбуди орд рӯ ба рӯ нахоҳад шуд

Ҳоло ба ҳисоби ин ҳолат дар саҳни боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ, дар маркази Хуҷанд, ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир карда шудааст ва тавре иштирокчиёни он дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, маҳсулот бо қиммати поёнтар аз бозор барои харидорон пешниҳод карда мешавад.

Масъулини ҳукумати Суғд, мегӯянд, дар намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти ниёзи рӯзгор дар Хуҷанд 14 шаҳру ноҳияи кишварзии вилоят молу маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили орду равған, сабзиву пиёзу картошка, гӯшту асал ва дигар анвои хӯрданиро бо нархи арзон, ба маърази харидорон гардонидаанд.

Дар пайи ба таври сунъӣ баланд шудани нархи маҳсулот, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд баъди оростани як ҷаласаи корӣ ба бозорҳо рафт ва аз фурӯшандаҳову харидорон даъват намуд, ки ба овозаҳои бардурӯғ дода нашаванд ва нархи маҳсулотро бе асос боло набаранд.

"Бархе аз шахсони манфиатхоҳу фурсатталаб овозаҳои беасосро ба вуҷуд овардаанд, ки ин набояд боиси ба таҳлука афтодани мардум гардад", - таъкид дошт Аҳмадзода.

Масъулони соҳаи тандурустии вилояти Суғд ҳам бо баргузор кардани як ҷаласа бо иштироки рӯзноманигорон таъкид намуданд, ки хабари дарёфт шудани сирояти коронавирус ба Тоҷикистон беасос аст.

Умед Нуруллозода, сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд афзуд, ки вазъи эпидемикии сироят аз ин вирусро ба инобат гирифта назорат дар ҳамаи гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ пурзӯр карда шудааст. Ӯ гуфт, хушбахтона то ҳол дар Тоҷикистон касе аз ин беморӣ сироят нашудааст.

"Тестҳои муайянкунандаи ин беморӣ аз институти вирусологии Русия ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастрас карда шудааст. Ҳоло имкони ташхис ва муайян кардани вирус мавҷуд мебошад. То имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 270 ташхиси гумонбаршудагон доир шуда ва дар ягон ҳолат натиҷаи ташхис мусбӣ набаромадааст. Ин ташхисҳо ба лабараторияи шаҳри Лондон фиристода шуданд ва он ҷо ҳам тасдиқи худро наёфтанд”, - таъкид намуд Нуруллозод.

Масъулини идораи тандурустии Суғд гуфтанд, ки давмои ду моҳи охир ҳадди ақал 360 кас ба карантин фаро гирифта шуда, вале аз меъёр баланд будани ҳарорати бадан дар ягон нафари онҳо сабт нашудааст.

Барчаспҳо:
харидорӣ, орд

Мавзӯъҳои асосӣ