Фаровон: ширкатҳои ватанӣ соле наздики 2 миллион тонна орд истеҳсол мекунанд

© AFP 2023 / STRМешки с мукой на складе, архивное фото
Мешки с мукой на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зарфияти солонаи кулли онҳо 1,9 миллион тонна орд мебошад. Ин ҳаҷм аз ниёзи кишвар ба орд, ки солона 800,8 ҳазор тонна аст, 1,9 баробар бештар аст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тоҷикистон дар 2 моҳи соли ҷорӣ беш аз 14,6 ҳазор тонна орд ворид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.

Анбори орди корхонаи Фаровон 1 - Sputnik Тоҷикистон
Зиёни онҳое, ки ба таҳлука дода шуданд: "Фаровон 1" гуфт, нархи орд 190 сомонист-акс

Бино ба иттилои вазорати саноеъ ва фанновариҳои нав, дар ин муддат дар дохили кишвар 110 ҳазор тонна орд тавлид шуд.

Бо ин ҳол, бо назардошти воридот, тавлидоти дохилӣ ва захоири боқимонда аз соли гузашта ҳаҷми захираи орд ҳоло дар кишвар ба 171,7 ҳазор тонна мебошад, ки ин шумор дар муқойиса бо ниёзи Тоҷикистон ба орд 26,7 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад.

Дар ду моҳи аввали сол ҳаҷми воридоти орд 346,7 тонна афзойиш ёфт. Дар ин муддат беш аз 95 ҳазор тонна гандум ворид шуд, ки ин боиси тавлиди беш аз 71,2 ҳазор тонна орд гардид.

Роҳ ба бозор: чӣ гуна коронавирус аз орд то пойафзору таксиро гарон кард

Бар асоси додаҳои вазорат, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 47 ширкат орд тавлид мекунад. Зарфияти солонаи кулли онҳо 1,9 миллион тонна орд мебошад. Ин ҳаҷм аз ниёзи кишвар ба орд, ки солона 800,8 ҳазор тонна аст, 1,9 баробар бештар аст.

Соли гузашта ширкатҳои Тоҷикистон бозорҳои дохилиро бо 710,1 ҳазор тонна орд таъмин карданд. Ҳаҷми содирот ба хориҷа 3,1 ҳазор тонна буд.

Лентаи хабарҳо
0