23:01 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2002 0 0

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум набояд ба ҳангомаҳои бардурӯғ бовар кунанд, балки ба тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Имрӯз дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" ба муносибати Рӯзи Модар бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону духтарони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки Раҳмон таъкид кардааст, фирефта шудани мардум ва харидории барзиёди онҳо будааст.

Дар баробари тарбияи фарзандон ва сарфаю сариштакорӣ дар оила, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат додани аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва нигоҳ доштани саломативу тандурустии онҳо аз  вазифаҳои  аввалиндараҷаи зан-модар ва духтарони тоҷик,  хусусан дар деҳоти мамлакат арзёбӣ гардид.

"Маҳз беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне риоя накардани талаботи беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад, ки мардуми шарафманди тоҷик набояд ба таҳлука афтода, ба овозаҳои бардурӯғ  ва муносибати манфиатхоҳонаи гурӯҳҳои ҳангоматалаб бовар кунанд, балки ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд ва ба ҷойи  харидории миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокаву захирасозии он  ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд", - таъкид кардааст Президент.

Раҳмон таъкид намудааст, ки Рӯзи Модар дар Тоҷикистон муждаи оғози фасли баҳор ва фарорасии ҷашни Наврӯзи дилафрӯз буда, аз мутобиқати сиришти занону духтарони тоҷик ба зебоиву рангорангии табиати Тоҷикистон башорат медиҳад.

"Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи барқи Роғун ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат, соҳаҳои энергетика, молияву бонкдорӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат махсус таъкид карда шуд".

Раҳмон ҳамчунин таъкид намудааст, ки занону бонувони тоҷик бо маърифати баланд ва дониши муосир метавонанд, дар таҳияи қонунҳои мутобиқ ба талаботи давру замон дар сатҳи парлумони касбии мамлакат, тарбияи фарзанд, мусоидат ба солимии ҷомеа, танзими ҷашну маросим, ҷалби ҷомеа ба китобу китобхона ва ҳунаромӯзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон нақши назаррас гузоранд.

Ба таъкиди сарвари давлат Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорату кордонӣ ва донишу фаросати модарону бонувони тоҷик эътимоди бузург дорад ва минбаъд низ барои қадршиносии заҳмати софдилонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Ба ифтихори Рӯзи Модар дар ин рӯз барномаи консертӣ пешкаш шудааст.

Барчаспҳо:
Рӯзи модар, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ