Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе - Худжанд, архивное фото
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагон дар дар километри 69 шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ронанда ва панҷ мусофири мошини “Опел Астра” -ро наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 8 март — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шоми рӯзи 6-уми марти соли равон  дар километри 69 шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд садамае рух дод, метавонист қурбонӣ дошта бошад.

Поврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ронандаи “Опел” баъд аз садама ронандаи “Камаз”-ро пахш карду ба қатл расонд

Кумита қайд кардааст, ки ронандаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби Аҳмадов Мухтор 52-сола идора мешуд, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ба девори бетонии нақб бархӯрд.

Ронанда аз самти Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард. Дар мошини мазкур ғайр аз ронанда боз панҷ мусофири дигар менишастанд.

“Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар километри 72-юми минтақаи Уштур шабонабарӯз навбатдорӣ мекунанд, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд”, - таъкид додштааст КҲФ.

Манбаъ зикр намудааст, ки кормандони КҲФ ронанда ва мусофиронро аз дохили нақлиёт берун оварданд ва ба хобгоҳи минтақаи Уштур бурда, бо ҷои хоб ва хӯроки гарм таъмин намуданд.

КҲФ таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин садама ягон нафар осеб надидааст.

Лентаи хабарҳо
0