Ҳушдори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: паҳни коронавирус дар тобистон идома меёбад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкСанитарно-контрольный пункт в аэропорту Красноярска
Санитарно-контрольный пункт в аэропорту Красноярска - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки коронавирус мумкин аст дар фасли тобистон аз байн наравад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Майкел Раян, мудири иҷроии барномаи фавриятҳои беҳдоштии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  ахиран Эълон кардааст, ки нишонаҳо барои нобудшудани коронавирус дар фасли тобистон вуҷуд надорад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Зимний дворец эмира Бухарского - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус аз зовияи таърих: аз ёддоштҳои Айнӣ то даъватҳои Шодихон Ҷамшед

Майкел Раян дар навбати худ таъкид доштааст, ки кишварҳо бояд мубориза бо коронавирусро дар авлавияти худ қарор диҳанд. Кишварҳо бояд барои решакан кардани ин вирус чораҳои дахлдор андешанд.

Вай афзуд, амалкарди коронавирус дар шароити обу ҳавоии мутафовит ношинохтааст ва аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, ки интизори поёни табиии ин вирус набошанд.

Ин мақомдори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфт аз афзоиши шумори мубталоён дар кишварҳои камдаромад, ки низоми тандурустӣ ва дорусозии заъиф доранд ибрози нигаронии шадид кард.

Ёдрас мешавем, ки коронавирус дар саросари ҷаҳон аз марзи 100 ҳазор нафар гузаштааст ва ҳудуди 3500 нафар дар саросари ҷаҳон бар асари бемории бархоста аз ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0