16:15 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
690402

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии даъвати панҷум изҳор дошт, ки суҳбат кардан барояш вазнин аст, аммо на ба хотире, ки ваколатҳои раисияш анҷом ёфтанд

ДУШАНБЕ,  9 мар — Sputnik. Зуҳуров дар гузориши ҷамъбастияш изҳор дошт, ки ин лаҳза дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ӯ як нуқтаи анҷоми фаъолияти даврӣ маҳсуб мегардад. Ӯ бо зикр аз урфият гуфт,  ҳар чиз оғозу анҷом дорад ва ин ҳақиқати бебаҳс аст.

“Банда бо дастгириҳои ҳамешагии роҳбари давлат, вакилони даъвати чорум ва панҷум даҳ соли охир дар ин бино масъулияти вазнин ва муқаддаси Раисии Маҷлиси намояндагонро бар дӯш доштам. Инак, пас аз ҷаласаҳои зиёду фаъолияти пурсамар то ба ҷаласаи охири даъвати панҷум ҳам расидем. Ин лаҳза сухан гуфтан, андешаҳоро баён кардан, аз муваффақияту дастовардҳо ҳарф задан барои банда, рӯирост ва сидқан изҳор менамоям, ки бисёр вазнин аст”, - гуфт раиси Маҷлиси намояндагон.

Зуҳуров тавзеҳ дод, вазнин на аз он лиҳоз, ки ваколати раисияш ба итмом мерасад, балки аз он, ки чанд рӯз баъд фаъолияти якҷояи ин оилаи бузурги саршори меҳр, муҳаббат ва самимият барои ӯ ва аксари вакилон дар ин маскани муқаддас хотима меёбаду тақдир онҳоро ба иҷрои корҳои навбатӣ ҳидоят менамояд.

“Ин ҷудоии касбӣ чун хотимаи даврӣ эҳсоси муайяни дардро дорад, ки қудрати баёни онро забон надорад. Дил онро эҳсос менамояд, вале ақл бо ҳама тавоноияш дар кушодани асрори он оҷиз аст, чунки сухан аз муҳаббат, дӯстӣ ва эҳтироми самимии мо ба якдигар меравад”, - изҳор дошт раиси Маҷлиси намояндагон.

Ӯ афзуд, ягона чизе, ки ин лаҳзаҳо дар баробари эътирофи ин қонуни зиндагӣ оромаш месозад, ки ин ёде аз ин рӯзгор ба гуфтаи ӯ ҳеҷ гоҳ аз хотири мо зудуда нахоҳад шуд.

Худсарӣ: дастури санҷиши ширкати писари Бег Сабур ва таҳдиди бастан

“Парламенти касбӣ тавассути шумо ба макони воқеан муқаддасе табдил ёфт, ки ҳамаи хоҳишу армонҳои фардӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ берун аз дари он монда, ғояи ҳукмрон ва муттаҳидкунанда танҳо манфиати халқ ва ободии давлати Тоҷикистон буд”, - таъкид кард Зуҳуров ва дар хотима ба ҳама саломативу сарбаландӣ хост.

Барчаспҳо:
парлумон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ