21:53 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
611 0 0

Боздоштшуда қаблан низ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 28 - солаи шаҳри Бӯстонро бо гумонӣ қаллобӣ боздошт намуданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда аз моҳи октябри соли 2018 то моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб аз сокини 63 - солаи пойтахт маблағи калон гирифта, бозпас надодааст.

Пулу мошинро гирифтанд: шикояти сокинон аз фиребкорӣ дар Душанбе

Ҳаҷми умумии маблағи гирифташуда аз сокини кӯчаи Шамси шаҳри Душанбе ба 54 ҳазор доллар баробар аст.

Манбаъ меафзояд, боздоштшуда қаблан низ айнан барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршуда тибқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
милитсия, боздошт, қаллоб

Мавзӯъҳои асосӣ