Рубл ҳамоно паст, доллар боло: эъломи Бонки миллӣ дар бораи арзиши асъор

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард. Чанд рӯзи пеш, баъди арзон шудани нафт дар бозори ҷаҳон қурби рубл якбора поён ва доллар боло шуд, ки то ҳол қариб ки бетағйир аст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0. 1346 то 0.1360 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.0347 то 11.2000 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.7000 сомонӣ, 1 евро - 11.0347 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1346 сомониро ташкил медиҳад.

Отделение банка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши қурби доллар ва уфти рубли русӣ баъди арзоншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Ёдрас мешавем, кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҳафтаи гузашта барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, ҳафтаи ҷадид бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оғоз шуд.

Нархи нафти навъи Brent дар рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид якбора поин рафта, то 31,43 доллар сари ҳар баррел расид, ки поинтарин нишондод дар 4 соли охир мебошад.

Бар асоси натиҷаҳои ахир дар биржаҳои ҷаҳонӣ, нархи як баррел нафт якбора 14 доллар коҳиш ёфта, то 31,02 доллар поин омад, ки камтарин нишондод аз моҳи январи соли 2016 мебошад.

Ҷаҳиши қурби рубл дар охирин рӯзи соли 2019 дар Тоҷикистон

Ин коҳиш дар ҳолест, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар доираи ОПЕК+ натавонистанд барои ихтисори иловагии тавлиди нафт дар пасманзари коҳиши талабот ба далели коронавирус ба тавофуқ расанду Русия эълон намуд, ки аз ин созиш хориҷ мешавад. Ин тасмим, ки охири ҳафтаи гузашта эълон шуд, ба коҳиши нархи нафту ҷаҳиши асъори амрикоӣ ва аврупоӣ анҷом ёфт.

Дар ҳамин ҳол ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва ба қурби рубли русӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, чун маошро асосан бо ин асъор мегиранд, ки ба гуфти эшон ин поёнравӣ бар зиёнашон хоҳад буд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0