21:51 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
361 0 0

Кумита аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо шитоб накунанд, зеро хатарнок аст. КҲФ садамаи рӯзи 10 мартро аз ноӯҳдабароии ронанда медонад

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Садамаи рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо айби ронандаи мошини Дулан SAKMAH рух додааст, омадааст дар шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

"Ин ронанда аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада ба мошини дигар бархӯрдааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бо ҷиддият қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва ҷони худу ҷони дигаронро дар хатар нагузоранд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб тахминан соати 14:25 дақиқаи рӯзи 10-уми марти соли 2020  дар километри 59-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб ва гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати кофтуков ва наҷоти Кумита (дидбонгоҳи Майхура) ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидаанд.

Дар натиҷа маълум гардидааст, ки автомашинаи Дулан SAKMAH рақами давлатиаш 79-83 КК 02, ки ба шаҳрванд Наврӯзов Норбой Идиевич, соли таваллудаш 29.10.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошт, ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, муқобили самти ҳаракати роҳ мебарояд ва ба садама дучор мегардад.

Ҳалокати Санавбар Боқиева, зани 30-сола дар пайи садама дар вилояти Суғд

Дар натиҷаи садамаи рухдода ронанда Наврӯзов Норбой ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи Қарияи боло интиқол дода шуд.  
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле бодиққату эҳтиёткор бошад. Ҳатман фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.

"Риояи қодидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва бехатарӣ гарави аслии саломатии шумост", - мегӯяд манбаъ дар муроҷиат ба ронандагон. 

Мавзӯъҳои асосӣ