Ҳушдор аз рехтани тарма дар манотиқи Тоҷикистон дар ду рӯзи оянда

© дафтари матбуоти IRS Техникаи барфтозакунии IRS зери тарма монд
Техникаи барфтозакунии IRS зери тарма монд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли рехтани тарма дар чанд минтақаи Тоҷикистон, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд тайи рӯзҳои 11-12 март хабар додааст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар истинод ба Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки аз 10 то 12 март дар чанд минтақаи кишвар эҳтимоли рехтани тарма вуҷуд дорад.

"Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Имрӯз дар шаҳри  Душанбе ҳавои абрӣ, борони кутоҳмуддат меборад, баъзан туман осмони пойтахтро тира мекунад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7 м/с мевазад.  Ҳарорат шабона  2+4°, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, дар водиҳо гоҳ борон ва гоҳи дигар барфи тар меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Вазиши шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона  1+6°, рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои қисман абрӣ, гоҳ туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/c мевазад. Дамои ҳаво шабона 4+6°, рӯзона 12+14° гарм мешавад. 

Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Дар вилояти Суғд  низ ҳаво абрист, дар водиҳо каме борон меборад, дар минтақаҳои кӯҳи гоҳ борону гоҳ барф меборад, дар қисме аз ноҳиҳое, ки дар водиҳо ҷойгиранд, баъзан туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона  10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  2 - 7° сард, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.   

Ҳавои шаҳри Хоруғ  абрӣ, каме меборад.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона  0-2° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои абрист, аммо бе боришоти назаррас. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 17-19°, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фаромадани нахустин тарма дар соли 2020 дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои абриву бебориши назаррас. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 4 дараҷа нунук то 1 дараҷа гарм мешавад, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 17 - 22° сард, рӯзона 2+7° хунук мешавад.

Дар Бохтар ҳавои абрӣ ва борони кутоҳмуддат. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Кӯлоб низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, туман мефарояд, борони кутоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 3+5°, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок. Дар водиҳои вилоят борони кутоҳмуддат меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барфу борон меборад ва туман меояд.Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 2+7°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  аз аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0