Ҷашнҳои рӯзи 12 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 12 марта
День 12 марта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи дувоздаҳуми март Рӯзи байналмилалии киберсензура таҷлил мегардад. Ҳамзамон дар Замбия Рӯзи ҷавонон ва дар Канада Рӯзи иттиҳод қайд гирифта мешавад

Рӯзи 12 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

© REUTERS \ Antara Foto/Ahmad SubaidiПострадавшие в результате землетрясения на острове Ломбок в Индонезии
Ҷашнҳои рӯзи 12 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Пострадавшие в результате землетрясения на острове Ломбок в Индонезии

Соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.

Соли 1999  Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ  (НАТО) шомил шуданд.

Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.

Рӯзи 12 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар пойтахти Қатар – Доҳа қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандагони тоҷик низ иштирок намуданд.

День 7 марта - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 7 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012  дар шаҳри Маскав дар мавзӯи "Диаспораҳои тоҷик дар Россия: афзалиятҳои иқтисодию фарҳангӣ" ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дастаи "Регар – ТадАЗ" -и шаҳри Турсунзода дар вохӯрии дуюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони даҳкаратаи Баҳрайн "Ал – Риффоъ" сабқат анҷом дод.

© Sputnik / Амир Исаев"Истиклол" - "Регар-ТадАЗ"
Ҷашнҳои рӯзи 12 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
"Истиклол" - "Регар-ТадАЗ"

Соли 2013 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.

День 11 марта - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 11 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.

Соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Япония дар Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии Фестивали дурӯзаи фарҳанги Япония "Рӯзҳои Япония" баргузор гардид.

Соли 2017 давраи дуюми Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои "Хуҷанд" – "Вахш", "Панҷшер" – "Ҳосилот", "Барқчӣ" – "Регар-ТадАЗ" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 12 март

  •  Рӯзи байналмилалии киберсензура.
  • Дар Замбия –Рӯзи ҷавонон.
  • Дар Канада – Рӯзи иттиҳод.

Рӯзи 12 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1910 - оҳангсоз, ходими намоёни санъат  Шариф Бобокалонов.

Соли 1938 - олими таърихшинос Юсуф Раҳимов.

Соли 1948 - олим Зоирбой Восидов

Соли 1959 - ходими намоёни давлатӣ, иқтисоддон Шариф Раҳимзода

Соли 1959 - нависанда, режиссёр Гулбаҳор Мирзоева

Соли 1960 - нависанда, доктори илмҳои филология Салими Хатлонӣ

Лентаи хабарҳо
0