22:42 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Рӯзи сенздаҳуми март дар Гренада Рӯзи табаддулот ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз Муғулистон аз Чин истиқлолият ба даст овард

Рӯзи 13 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1921 Муғулистон аз Чин истиқлолият ба даст овард.

Соли 1938 дар мактабҳои Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ ҳамчун фанни ҳатмии омӯзишӣ ҷорӣ карда шуд.

Соли 1988 дар  шаҳри Майамии ИМА барои рақси оммавӣ рекорд гузошта шуд,  ки дар як вақт 119 ҳазору 986 нафар рақсиданд.

 

Пенсионное удостоверение, архивное фото
© Sputnik / Наталья Селиверстова
Пенсионное удостоверение, архивное фото

 

Соли 1974  низоми асъори аврупоӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 2016 дар сохти бонкдории Тоҷикистон бонки нав – Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 1989 Тори ҷаҳонии анкабут (WWW)- интернет ихтироъ карда шуд.

Рӯзи 13 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 хатсайри ҳавоии Урумчӣ–Хуҷанд–Урумчӣ ифтитоҳ гардид.

Соли  2010  дар шаҳри Душанбе намояндагии Институти фарҳанги Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ифтитоҳ гардид.

День 10 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1986-1995 ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Протокол ба Протоколи Конвенсия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

Соли 2013 дар Бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 13 март

  •  Дар Гренада – Рӯзи табаддулот.

Рӯзи 13 март кӣ ба дунё омадааст

  • Абдуллозода Разиюлло (1912 – 1994) –адабиётшинос, нависанда
  •  Сафар Азизов (1936) – ороишгари саҳнаи театр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон
  •  Бону Ситсилия (1911 – 2002) – шоира, мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон
  • Всеволод Веселковский (1915 – 1994) – Меъмори шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлати ба номи Рўдакӣ
  •  Маҳмуд Зокиров (1926-2008) – доктори илми кишоварзӣ, профессор
  •  Нусайрӣ Одинаев (1915 – 1993) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон
  •  Ҷумъа Одинаев (1930 – 1982) – нависанда, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ
  •  Олимҷон Орифӣ (1913-1989)- шоир
  •  Сафармуҳаммади Хатлонӣ (1974)- шоир
  •  Султон Сафар (1935 – 2008) – драматург, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон
  •  Эрмат Усмонов (1942) – иқтисоддон, профессор
  •  Давлат Худоназаров (1944) – коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ
  •  Саид Ҳалимов (1932-2011)- забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон
  •  Толиб Шаҳидӣ (1946) – оҳангсоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ
  •  Шодихон Юсуфбеков (1962)- доктори илми филологӣ, профессор
  •  Қаландаршо Додарҷонов (1937) - журналист
  •  Аъзам Насриддинов (1972) - журналист
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ