Милисаи мустаъфии 80-сола фарқи ҷинояткоронро гуфт: насиҳат ба милисаҳо

© акс аз сомонаи ВКД ТоҷикистонХушдил Рустамов, собиқадори милиса дар рӯзи ҷашни 80-солагияш
Хушдил Рустамов, собиқадори милиса дар рӯзи ҷашни 80-солагияш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои собиқадорони раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар 80-умин солгарди зодрӯзи Хушдил Рустамов, собиқадори милиса, аз ҳолаш хабар гирифта насиҳатҳояшро ба милисаҳои ҷавон нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 13 март – Sputnik. Ба иттилои ВУД, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, майори мустаъфӣ, Хушдил Рустамов 80-солагии хешро дар ҳалқаи наздикону пайвандон ва ҳамкасбон ҷашн гирифт.

70-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон
СММ аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба шиканҷашудагон ҷубронпулӣ пардохт намояд

"Хушдил ва Лидия Рустамовҳо, яке тоҷику дигар украинӣ, яке дар дини ислому дигар насронӣ, яъне новобаста ба дину мазҳаб ва миллат бо ҳам дил баставу хонадор шуданд ва тӯли 55 сол мешавад, ки ҳамроҳ хушу хушбахтона ҳаёт ба сар бурда, имрӯзҳо давлати пирӣ меронанд. Ин ду дилдодаи зиндагиву дилдодаи касб 40 соли ҳаёташонро дар кору фаъолият дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон сипарӣ намудаанд", - хабар додааст ВУД.

Шӯрои уламо гуфт, рӯҳи киҳо ба азобу шиканҷа гирифтор хоҳад шуд

Манбаъ афзуд, ки Рустамов зимни суҳбат аз лаҳзаҳои фаъолияташ ёдовар гардида, таъкид намуд, ки "ҷинояткорону ҳуқуқвайронкунандагон низ одам ҳастанд, аз ин рӯ, мо бояд бо онҳо инсонвор муомилаву муносибат намоем".

Парламент Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ: Нафароне, ки даст ба шиканҷа мезананд аз озодӣ маҳрум мешаванд

Ӯ дар идома тафовути ҷинояткоронро шарҳ додааст.  “Тафовути ин гуна афрод дар он аст, ки онҳо роҳи ростро канор гузошта, роҳи каҷро интихоб намудаанд. Барои ҳамин, дар кушодани гиреҳи амалҳои номатлубу кирдори ношоиста аввалан психологияи шахсро хуб бояд аз худ кард”, - зарур донист Рустамов.

Майори мустаъфӣ варзиш ва далериву матонатро барои корманди милиса, бахусус барои нафароне, ки дар самти оперативӣ фаъолият мебаранд, муҳимму зарурӣ меҳисобад.

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои шиканҷаи шавҳараш ба ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кард

Бар асоси ҳолномаи нашркардаи ВУД, Рустамов Хушдил Ёқубович 13-уми марти соли 1940 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, солҳои 1962-1965 дар Артиши Шӯравӣ адои хизмат намудааст. Хатмкардаи Мактаби олии милисаи шаҳри Тошканд буда, аз соли 1967 то соли 1995 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ кор намудааст.

Лентаи хабарҳо
0