23:15 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
284 0 0

Бо сабаби ба даст овардани натавонистани 50% и райъи интихобкунандагон, пагоҳ дар ду ҳавзаи интихоботии шаҳри Истаравшан овоздиҳии такрорӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Уткир Абдулхайров, раиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ дар Истаравшан дар суҳбат гуфт, овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаҳои интихоботии "Савристон-33" ва "О. Лутфӣ-4" барои интихоби ду вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.

Бино ба таъкиди ӯ, натиҷаҳои интихобти рӯзи 1-уми март дар ин ду ҳавзаи овоздиҳӣ ҳокӣ аз онанд, ки ҳеҷ яке аз шаш довталаби вакили шаҳрӣ аз ин ду ҳавза, ҳадди 50 % и райъи интихобкунандагонро ба даст наоварданд ва ба ҳамин далел, зарурати баргузор шудани овоздиҳии такрорӣ ба вуҷуд омадааст.

"Тибқи моддаи 46-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон", пагоҳ 15-уми март даври такрории овоздиҳӣ барои интихоби аъзоёни Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан дар ҳавзаҳои интихоботии "Савристон-33" ва "О. Лутфӣ-4" дар деҳоти шаҳри Истаравшан баргузор карда мешавад",-  таъкид кард, Абдулхайров.

Интихоботи такрорӣ дар бархе ҳавзаҳои ВМКБ

Раиси комиссияи интихоботӣ дар Истаравшан гуфт, тибқи муқаророти қонунӣ ҳоло барои интихоб шудани ду вакил аз се номзад: Фарҳод Обидӣ аз ҳавзаи интихоботии "Савристон -33", Ҳасан Нарзуллоев ва Баҳром Наимзода аз ҳавзаи интихоботии "О. Лутфӣ-4" маъракаи овоздиҳии такрорӣ баргузор карда мешавад.

Ҳасан Нарзуллоев ва Баҳром Наимзода ду номзад барои аз ҳавзаи интихоботии "О. Лутфӣ-4" вакили Маҷлиси халқи шаҳри Истаравшан интихоб шудан сабқат меварзанд.

Уткир Абдулхайров гуфт, барои баргузор шудани маъракаи овоздиҳии такрорӣ, даъватномаҳои интихоботӣ ба сокинон дастрас карда шудааст ва дар назар аст, тибқи руйхат зиёда аз ҳафт ҳазор шаҳрвандони қобили райъ пагоҳ дар интихоби ду вакили Маҷлиси халқи шаҳри Истаравшан иштирок кунанд.

Номзад ба вакилӣ дар сурате интихобшуда ҳисобида мешавад, ки агар ӯ шумори бештари овози интихобкунандагонро, ки дар муқоиса ба ҳарифони худ ба даст оварад ва беш аз нисфи райъдиҳандагони шомили руйхат дар ин маърака иштирок дошта бошанд.

Барчаспҳо:
интихоб, номзадҳо, Истаравшан

Мавзӯъҳои асосӣ