22:08 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1818 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 14 март – Sputnik. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон имрӯз телефонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ,  раисон ба кишвардори Тоҷикистон бобати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот доданд.

Гуфта мешавад, сарвари давлат ба мақомдорони вилояту шаҳрҳо ва навоҳӣ дар самти тақвияти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кабудизоргардонӣ, киштукори баҳорӣ, бахусус кишти пахтаю сабзавот ва мусоидат ба ҳали ҳар як мушкилоти мардум, таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар гардондани кори муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Рақскунии 17 духтар гирди Раҳмон ва ҳароси амният: "бигзор оянд, маро намекушанд" - видео

Роҳбари давлат раисонро муваззаф намуд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа дода, бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт таъмин намоянд.

Гузашта аз ин, дастур дода шуд, ки тадбирҳои ободонию бунёдкориро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшанд.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон барои тозаю озода кардани муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбон ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дастурҳои ҷиддӣ доданд.

Барчаспҳо:
сӯҳбати телефонӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ