12 шарт: оғози "Андалеб - 2020" дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи якуми моҳи август Ҷашнвора — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2020"-ро баргузор менамоянд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, Ҷашнвора соли ҷорӣ ба 29-умин солгарди Истиқлоли ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар он дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 29 соли Истиқлол ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳмгузор бошанд.

Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
"Андалеб - 2018" ҷамъбаст шуд

Ҷашнвора ба ҳамагон имкон медиҳад, ки аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи мамлакатро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон гардонанд.

Даври аввали он 10 марти соли ҷорӣ шуруъ шуда, то 10 май дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, даври ниҳоӣ ва гулчини фестивал–озмун аз 1 то 9 август бо иштироки 14 дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ғолиб дар толори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Гуфта мешавад, ки дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр мебошанд, вале мақсаду меҳвари асосии фестивал-озмун ва мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ бояд марбут ба истиқлолияти ҷумҳурӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон бошад.

Ҷашнвора аз рӯи 12 шарт: намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараён-аккопела (бе сози мусиқӣ), намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси яккаи дорои мавзӯи мушаххас дар иҷрои зан ё мард, суруди якка бо либоси миллӣ дар иҷрои мард ё зан, навозиши якка бо сози нодири миллӣ, бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва сюитаи овозию рақсӣ доир гардида, дар маҷмӯъ, барномаи ҳунарии ҳар як даста дар доираи як соату 30 дақиқа пешниҳод мегардад.

Ғолибони даври ниҳоии Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ"Андалеб-2020" ва номинатсияҳои беҳтарин аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ, иштирокчиёну созмондиҳандагони фаъол бо нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Ифтихорнома"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

"Андалеб" падидаи солҳои навадуми қарни ХХ буда, аз он давра инҷониб на танҳо дар тарбияи истеъдодҳо нақши муассир мегузорад, балки ҳамчунин ба сарҷамъию муттафиқии мардумони сарзамин, таҳкими сулҳу осоиши мамлакат ва таъмини якпарчагии Тоҷикистон такони тоза мебахшад.

Лентаи хабарҳо
0