07:43 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
617 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд аз 1 феврал то 14 - уми март ҷамъан 1603 нафар ба карантин фиристода шуданд, ки феълан танҳо 323 тан дар карантин қарор доранд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, аз 1  феврал то 14 марти соли равон 1603 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора то санаи зикргардида 1280 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 323  нафар дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар карантин қарор доранд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.

"Рекорд": дар Русия шумораи гирифторони коронавирус якбора афзуд

Айни замон сирояти коронавирус дар  бештар аз 114 кишвари  олам ба  қайд гирифта шуда, тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, то санаи 13 марти соли равон ҷамъан аз ин сироят 5000 нафар ба ҳалокат расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ситоди корӣ ва байниидоравӣ  фаъолият менамояд.

Мавзӯъҳои асосӣ