Мулоқоти Муҳриддин бо хонум Синаноғлу ҳамоҳангсози навтаъйини СММ дар Тоҷикистон

© сомонаи ВУХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози навтаъйини СММ дар дар Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози навтаъйини СММ дар дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози навтаъйини СММ дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин ба хонум Сезин Синаноғлу, ки тоза ба мақоми ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон таъйин гардид, муваффақият таманно кард.

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати ВУХ Тоҷикистон аз ИМА: аз интишори маълумоти беасос худдорӣ намоед

Тибқи иттилои котиботи ВУХ Тоҷикистон, ҷонибҳо таҳкими фаъолияти ниҳодҳои СММ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ахиран Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, Сезин Синаноғлу, намояндаи Туркияро ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон таъйин кард. Пратибха Меҳта, намояндаи доимии СММ, ки то ҳол дар Тоҷикистон 2 мақомро бар дӯш дошт, аз якеяш канор рафт

Синаноғлу, ки бо розигии Ҳукумати Тоҷикистон таъйин шудааст, дар бахши рушд таҷрибаи 25-сола, аз ҷумла собиқаи 22-солаи кор дар Барномаи рушди СММ-ро дорад.

Аз июли соли 2015 то охири соли 2018 Синаноғлу ҳамоҳангсози доимии СММ дар Босния ва Герсеговина буда, аз ин пештар ба ҳайси намоянда ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Муғулистон  фаъолият доштааст.

Ӯ хатмкардаи донишгоҳи техникии Анқара дар бахши тарҳрезии шаҳр буда, ҳамчунин дар мақомҳои роҳбарии Барномаи рушди СММ дар Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон ва дар Барномаи довталабон дар Бонн фаъолият доштааст. Ӯ қабл аз пайвастан ба СММ, ҳамчун шаҳрсоз дар ҳукумати Туркия ва дар бахши хусусӣ дар ИМА кор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0