17:40 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
537 0 0

Номзадии сардухтури Беморхонаи минтақавии рақами 5 Ҳакимова Карима Муқимовна тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, № 2 пешбарӣ гардид

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар шаҳри Исфара иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати 6-ум баргузор гардидааст.

Тавре мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад, дар кори иҷлосия ба ғайр аз вакилони Маҷлиси шаҳрии даъватҳои 5 ва 6, инчунин аъзои комиссияи шаҳрии интихобот, шуъбаҳо ва бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, васоити ахбори умум ширкат доштаанд.

Пас аз тасдиқи рӯзномаи иҷлосия раиси комиссияи шаҳрии интихобот Содирхон Қосимӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи вакилон ба маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар 40 ҳавзаи интихоботӣ гузориш додааст.

Зикр гардидааст, дар 40 ҳавзааи интихоботӣ 79 номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳрӣ ба қайд гирифта шуда, дар рӯзи интихобот 39 нафар вакилон интихоб гардиданд.

"Дар 39 ҳавзаи интихоботӣ вакилони пирӯзгардида аз 52 то 83,5 фоизи овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуданд. Дар ҳавзаи интихоботии Ваҳдат №32 бошад, бинобар миқдори зарурии овозҳоро нагирифтани номзадҳо вакил интихоб нагардид ва тибқи талаботи қонун дар ин ҳавза интихоботи такрорӣ баргузор хоҳад шуд. Аз шумораи умумии вакилон 14 нафарашонро занон ва 25 нафарашонро мардҳо ташкил медиҳанд", - омадааст дар гузориш.

Ҳамин тариқ, ваколати 39 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум тасдиқ карда шудааст.

"Вакилони иҷлосия аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, № 2 номзадии узви ҲХДТ, сардухтури Беморхонаи минтақавии рақами 5 Ҳакимова Карима Муқимовнаро якдилона пешбарӣ намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Раиси Маҷлиси шаҳрӣ Сулаймонзода Акрам Раҳим таъкид намудааст, ки ҳар як вакилро халқ бо умеду орзуҳои зиёд ба ҳайси намоянда пазируфт ва кунун вакилонро зарур аст, ки ҳатман аз паи иҷроиши барномаҳои пешазинтихоботии худ шаванд ба ин васила ба эътимоду боварии интихобкунандагони худ ноил бояд шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ