21:12 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
194 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, Бонки ҷаҳонӣ аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс вохурдааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳавасмандии хешро иброз намудаанд.

50 миллион доллари Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони пул дар Тоҷикистон

Ин ниҳод зикр кардааст, ки Бонки ҷаҳонӣ аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои солимгардонии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар медиҳад

Манбаъ афзуда, ки то имрӯз аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон чандин иншоотҳои тиббии замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда,  мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Бонки ҷаҳонӣ, Насим Олимзода, Вазорати тандурустӣ

Мавзӯъҳои асосӣ