Бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветущие деревья в парке ЖД, архивное фото
Цветущие деревья в парке ЖД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 7+9  дараҷа гарм ва  рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputniк. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.

Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 1 дараҷа хунук то  4  дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона аз 0 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм мешавад, - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Тоҷикистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 0 дараҷа хунук  то 5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва  рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 0-5  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 7+9  дараҷа гарм ва  рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0