17:43 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
818 0 0

Хонандаи синфи 6 - ум аснои гузар кардан аз роҳи қатора дар наздикии Маркази савдои "Ёвар" зери чархи тепловоз монд ва ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тепловоз, ки бо суръати баланд ҳаракат доштааст, дар наздиМмаркази савдои "Ёвар" хонандаи 13 - соларо пахш намудаст, хабар медиҳад ТоҷикТа.

Бар хабари манбаъ, марҳум субҳи барвақт ба мактаб шитоб доштааст. Ӯ муҳассили макотиби миёнаи умумии рақами № 60 буда, дар ҷойе роҳро убур кардааст, ки тамоман мамнӯъ будаст.

Ронандаи тепловоз, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, натавонист сари вақт нақлиётро боз дорад ва кӯдак зери чархи тепловоз монд.

"Тепловоз" сокини 55 солаи пойтахтро пахш кард

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин ҳодиса ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт ва то расидани мошини Ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расидаст.

Феълан аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар вилояти Суғд низ чанд моҳ қабл духтараки ноболиғ зери теплавоз монда буд ва пизишкон вазъи саломатии ӯро бисёр вазнин арзёбӣ карда буданд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи духтурон барои наҷот додани ҷони духтари ноболиғ, як тараф даст ва пойи ӯро бурида буданд.

Барчаспҳо:
кӯдак, зери чархи тепловоз, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ