17:24 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
391210

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки дар кишвар шабакаи нави телевизионӣ таҳти унвони “Илм ва табиат” таъсис дода шавад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешавад, ки дар муддати шаш моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи “Илм ва табиат” таъсис диҳад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо олимони Тоҷикистон.

Раисиҷумҳур раёсати Кумитаи телевизионро муваззаф намуд, ки дар ин шабакаи навтаъсис ва шабакаи “Баҳористон” таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намояд.

Дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ шаванд, таъкид кардааст раисиҷумҳур.

Супориши Раҳмон барои афзоиши маоши омӯзгорон ва барандаҳои стипендияи Президент

Ин дастур дар ҳоле садо дод, ки ахиран Нуриддин Саид баъди ҳудуди 8 соли кор дар мақоми  вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран ба мақоми раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин гардид.

Инчунин раисиҷумҳур бо мақсади ҳавасманд кардани омӯзиши фанҳои дақиқ ба вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш дод, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

Поафзорро аз вазири пешӣ пурсед: Вазири нави маориф гуфт, иншоаллоҳ, савдоро поён мебахшад

“Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад.Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Мавзӯъҳои асосӣ