20:49 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
95500

Вазорати тандурустии Тоҷикистон овозаи чархболҳои дорупош дар фазои Душанберо рад карда, онро як дурӯғи шохдоре унвон кард, ки ба хотири ба таҳлука овардани мардум пароканда шудааст

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Саид Давлатзода, муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, ин хабару овозаҳо сиҳат надошта, балки “дурӯғҳои шохдор” – е ҳастанд, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос миёни мардум пароканда мешаванд.

“Ҳамчун масъули соҳа мегӯям, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҳеҷ як қисми низомии мамлакат чархбол дархост накардааст. Хушбахтона, то имрӯз, 18 март, дар Тоҷикистон ягон мавриди “вируси тоҷдор” сабт нашудааст. Аз мардуми азизи Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба чунин хабару овозаҳо бовар накунанд ва ҳушёрии худро аз даст надиҳанд. Вазорати мо бо сохторҳои марбута тамоми чораҳои ҷилавгирии интиқоли “вируси тоҷдор” ба сарзамини азизамонро пурзӯр кардаанд”.

Субҳи имрӯз, 18 март, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин овоза аз сӯи афроди ҷаълӣ ва бо истинод ба қисми низомии номаълум пароканда шуда буд, ки гӯё аз соати 23:00 ва то 5:00 – и субҳи дигар дар Душанбе чархболҳо барои зиддиуфунӣ кардан ё дезинфексия аз болои шаҳр дору мепошанд ва аз сокинон хоста мешавад, ки тирезаҳо ва айвонҳои худро баста нигоҳ дошта, дар хиёбонҳо баъд аз 23:00 ҳузур наёфта бошанд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз 1 феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар, ба шумули шаҳрвандони Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба карантин фаро гирифта шуда, 1426 нафар рухсат шудаанд ва ҳоло 464 нафар дар беморхонаҳои сироятӣ карантин шудаанд.

Барчаспҳо:
радди хабарҳо, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ