10:03 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48201

Мақомоти Тоҷикистон таъкид доштааст, ки тибқи омори ахир шумори мубталоён ба коронавирус дар қаламрави ИДМ-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 147 нафар расид, иттило додааст вазорати тандурустии Тоҷикистон дар истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки дар Арманистон ба 84 нафар, дар Беларус 51, Қазоқистон ба 35 ва дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид. Дар ин бора  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 114 нафар, дар Арманистон — 78, дар Беларус — 36, дар Қазоқистон – 33 ва дар Ӯзбекистон – 11 нафар буд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати субҳи 18 март дар Озарбойҷон — 34, дар Молдова — 30, дар Украина 7 ва дар Қирғизистон – 3 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Инчунин, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Афғонистон шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад , ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 200 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 82,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,4 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Барчаспҳо:
шумор, вирус, мақомот, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ