16:14 28 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
548802

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, феълан 4 шаҳрванди кишварро меҷӯянд, ки дар як ҳавопаймо бо нафари маризи коронавирус аз Истанбул ба Тошканд парвоз доштаанду вориди Тоҷикистон шудаанд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар ҳавопаймои ҳомили мусофири дорои коронавирус аз Истанбул ба Тошканд, дар маҷмуъ 10 шаҳрванди Тоҷикистон парвоз доштаанд, хабар дод Юсуф Раҳмон, имрӯз зимни гузориш дар Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон.

Ба иттилои манбаъ, 6 нафар муайян шуда, феълан дар карантин қарор доранду ҷустуҷӯи 4 нафари боқимонда идома дорад.

Додситони кулли Тоҷикистон инчунин дар парлумон аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ суҳбат карда, афзуд барои боздошту истирдоди Кабирӣ бо кишварҳои Аврупо гуфтушунид ҷараён дорад. 

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон террористию экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ мамнӯъ гардид. Аммо масъулини ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, иттиҳомоти мақомоти тоҷикро рад мекунанд.

Инчунин Юсуф Раҳмон парвандаи пурсарусадои муттаҳамон дар узвият ба созмони мамнӯи “Ихвон ул муслимин”- "Бародарони мусалмон"-ро шарҳ дода, афзуд, ки аз аввали сол ҳудуди 314 нафар муттаҳам дар узвият ба ин созмон ошкор шуда, то ҳол нисфашон, беш аз 150 нафар боздошт гардидаанд. Ӯ афзуд, ки амалиёт барои ошкорсозию боздошти аъзои дигари “Ихвон ал муслимин” идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ