03:02 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38010

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои эрониашро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, умедвор шудааст, ки дар оянда ҳамкориҳо байни Эрону Тоҷикистон дар ҷанбаҳои мухталиф густариш ёбад

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёме ба Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон Иди Наврӯзро табрик гуфт, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид доштааст, ки Эрону Тоҷикистон дар оянда низ барои густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар ҷанбаҳои мухталиф талош хоҳанд кард.

“Бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон беҳтарин орзуҳо ва самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати фаро расидани иди байналмилалии Наврӯз иброз менамоям”, - навиштааст Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон.

Дар идомаи ин нома омадааст: Иди Наврӯз ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ ва таърихи куҳани сокинони ҳавзаи он, равобити дӯстӣ ва эҳтиром, эътимоди ҳамбстагӣ ва ҳамкорӣ байни онҳоро таҳким бахшида ва дар ростои ба ҳам наздик шудани мардумони ҳамтабори мо хидмат мекунад.

“Итминон дорам, ки мо дар оянда низ ҷиҳати густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҷанбаҳои мухталиф байни кишварҳоямон ба таври муштарак саъй ва талош хоҳем кард”, - таъкид доштааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон зимни орзуи пешрафт ва шукуфоии Эрон навишт: Дар ин айёми фархундаи ҷашни Наврӯз, барои ҷаноби олӣ сиҳати комил, саодат ва муваффақият дар фаъолияти корӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеши Эрони дӯстро орзумандам.

Барчаспҳо:
ҳамкориҳо, Умедвор, табрик, густариш, Наврӯз, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ