18:03 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
160910

Рӯзи ҷумъаи 20 март, ки баъди танаффуси беш аз дуҳафтаина нахустин намози ҷамоат дар масоҷиди Тоҷикистон баргузор шуд, дуои дастаҷамъӣ алайҳи коронавирус хонда шуд

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Дар масоҷиди Тоҷикистон дуо хонда шуд, ки Худо ин вабо, хуруҷи коронавирусро нобуд созад, изҳор доштанд намозгузорони тоҷик.

Дуою омингӯиҳои дастаҷамъӣ алайҳи коронавирус дар ҳолест, ки масоҷиди Тоҷикистон баъди танаффуси беш аз дуҳафтаина , имрӯз ҷумъа, 20 март, дубора дарашонро ба намозгузорон боз намуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари ҷаҳон масҷидҳо ба далели ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” баста мешаванд

Сурахонӣ барои коронавирус: дар масҷиди ҷомеи Маскав шабонарӯз Қуръон хонда мешавад

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъракаи зиддиуфунӣ кардан ё дезинфексияи масҷидҳо ба анҷом расида, аз бомдоди рӯзи 20 март намозгузорон метавонанд намозҳои панҷвақта ва намози ҷумъаро дар масҷидҳои ҷомеъ адо намоянд.

“Маъракаи зиддиуфунӣ кардан ва корҳои профилактикӣ дар масҷидҳо бо талошу ибтикори худи иттиҳодияҳои динӣ ба анҷом расида, Кумита ва Шӯрои уламо ба ин натиҷа расиданд, ки шароити намозгузорӣ фароҳам шудааст ва мардум метавонанд ба масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳо барои адои намози ҷамоат раванд”, - гуфт Афшини Муқим.

Аз Кабирӣ то коронавирусу "Бародарони мусалмон": гузориши Раҳмон дар парлумон

Кумитаи дин аз афроде, ки сиҳатияшон хуб несту гирифтори табу сулфаянд, хоҳиш намудааст, ки ба далели бехатарии атрофиён ба намозҳои ҷамоат ҳозир нашаванд.

Барчаспҳо:
дуо, ошкори вирус, намози ҷумъа, масҷид, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ