09:17 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
50610

Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Аз фардо, рӯзи 21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз шуда, то 31 март идома меёбад.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф Эҳсон Сафарзода ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.

Наврӯз 2020: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ

Гуфта мешавад, ки таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Манбаъ афзуда, ки барои хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд.

Фардо дар Наврӯзгоҳ беҳтарин куштигирони тоҷик рақобат мекунанд

Тибқи тартиби баргузории Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" даври якуми он моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, марказҳои деҳот ва шаҳрак баргузор карда мешавад.

Аз ин рӯ хонандагоне, ки дар озмуни мазкур иштирок карданиянд, бояд дар давраи таътил ба он омодагӣ бинанд.

Барчаспҳо:
таътил, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ