17:32 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38710

Дар ҳайати нави парлумони Тоҷикистон, ки 1 март интихоб шуд, беш аз 50 дарсадашон дорои унвонҳои илмӣ аз номзади илм то доктору узви Академияи улум мебошанд

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Тибқи иттилои расмӣ, аз 63 вакил дар Маҷлиси намояндагон, 32 нафар олими бахшҳои гуногун мебошанд.

Дар ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷумла 4 узви вобастаи Академияи улум, 13 доктори илм ва 15 номзади илм шомил гардидаанд, ки аз ин шумора як узви вобастаи Академия, 5 доктор ва 3 номзади илмро занон ташкил медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран бо зикри ин омор гуфт, иштироки ин шумораи донишмандон дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон бояд ба рушди қонунгузории кишвар такони нав бахшад ва ба пешрафти ҳаёти ҷомеа мусоидат намояд.

Ин дар ҳолест, ки доштани дараҷаи илмӣ мақомоти иҷроия низ мӯд шуда, бисёри мансабдорон дараҷаҳои илмӣ аз номзад то доктору академикро доранд. 

Дар робита ба ин раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, солҳои охир шахсоне, ки дар соҳаҳои ғайриилмӣ фаъолият карда, дар вазифаҳои масъул роҳбар мебошанд, аз рӯи ихтисосҳои аз самти фаъолияташон дур рисолаҳои илмӣ таълиф карда, бе навбат ҳимоя мекунанд ва соҳиби дараҷаҳои илмӣ мегарданд.

“Вобаста ба ин, дастур медиҳам, ки чунин шахсон аввал ариза навишта, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд, сипас ба корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаҳояшонро дар доираи талаботи мавҷуда ҳимоя намоянд”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, "минбаъд аъзои Ҳукумат, муовинони онҳо, вакилони мардумӣ, дигар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ баъди дар асоси хулосаи муассисаи илмӣ навиштани ариза ба унвони роҳбари давлат ба навиштани рисолаи илмӣ ва ҳимоя иҷозат дода мешаванд".

Агар шахсони мансабдор хоҳиши иштирок дар озмунҳои дарёфти унвонҳои узви вобаста ва узви пайвастаи академияҳоро дошта бошанд, аввал ариза навишта, аз вазифа озод мегарданд, ба муассисаҳои академӣ ё таълимӣ ба кор медароянд, баъдан барои иштирок дар чунин озмунҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, таъкид намуд Раҳмон.

Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ