18:15 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2380 0 0

Тибқи дастури Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии Истиқлол" барои дар ҳолати зарурӣ ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон омода мешавад

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, беморхонаи "Истиқлол"- ро дар ҳолати зарурӣ барои фаро гирифтани шаҳрвандон ба карантин омода намояд.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, ин иқдом бо  мақсади дар шароити хуб ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон рӯи кор гирифта шуда, ба ҷуз аз ташхисгоҳ дигар ҳамаи шӯъбаҳои муассисаи мазкур барои ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшуда омода карда мешаванд.

Ҳамакнун бо дархости вазорат, бемороне, ки вазъи саломатияшон беҳтар мешавад, аз беморхонаи мазкур ҷавоб дода шуда, нафарони дар муолиҷа қарордошта пас аз сиҳат шудан ба хонаҳояшон рухсат дода мешаванд.

Барои пешгирии коронавирус: Ҷопон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ мефиристад

Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар муассисаи мазкур барои табибон семинарҳо  вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус гузаронида мешавад.

Манбаъ меафзояд, то кунун дар ин муассиса як миқдор мавод ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла ниқоб, либосҳои махсус, хлор, дастпӯшак ва маводҳои зиддивирусӣ барои пешгирии сирояти коронавирус захира карда шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ