08:01 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
239 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар имрӯз барои номгузорӣ кардани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” фармон баровард

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Дафтари матбуотии президенти кишвар дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, президент ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод то дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати иҷрои фармони мазкур пешниҳод намояд.

Қарори номгузорӣ шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” рӯзи 18 март аз ҷониби президент дар суҳбат бо командони соҳаи илм ва зиёиён садо дода, гуфт ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллӣ дода шуда, минбаъд он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

"Дар робита ба ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дар муҳлати се моҳ сохтори худро пурра таҷдид карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба мақоми миллӣ гирифтани Академияи илмҳо таҳия ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд",- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Президент дар ин мулоқот  аз вазъи илмии кишвар ва иқтидори кадрии Академияи илмҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфт, имрӯз назар ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст.

"Тибқи маълумоти оморӣ соли 1985 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи номзадҳои илм 656 нафарро ташкил медод, вале имрӯз номзадҳои илм дар ин муассиса ҳамагӣ 360 нафарро ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса ба соли 1985 қариб 300 нафар камтар мебошад",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунни гуфт, дар замони шуравӣ кашфиётҳо, навгониҳои илмии олимон зиёд буд аммо дар замони илму техникаи пешрафта ҷустуҷӯйҳои илмӣ талаботи давлатро қанеъ карда наметавонад.

Эмомалӣ Раҳмон аз синни миёнаи академикҳо дар Академияи илмҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт, ба ин мушкилӣ чанд сол қаб таъкид кард, аммо ҳамоно боқист.

Имрӯз дар Академияи илмҳо беш аз 2000 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 32 нафари онҳо аъзои пайваста, 52 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзадҳои илм мебошанд.

 

Барчаспҳо:
Академияи илмҳо, фармон, президент

Мавзӯъҳои асосӣ