Эмомалӣ Раҳмон барои ҷашни Наврӯз ба Суғд рафт: аз кушодани корхона оғоз кард

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми фаромадан аз ҳавопаймо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми фаромадан аз ҳавопаймо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд рафт

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд, хабар котиботи раисиҷумҳур.

Худрави БДА - Sputnik Тоҷикистон
Эълони шаш рӯзи роҳбандӣ: кадом шоҳроҳу кӯчаҳо баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи нахустро дар Суғд аз кушодани корхонаҳо  дар шаҳри Бӯстон оғоз кард.

Аз ҷумла раисиҷумҳур дар шаҳри Бӯстон корхонаи тавлиди қубур, “Сифат пласт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаст, ки ба иттилои котибот ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм қубур истеҳсол мекунад.  Муҳлати кафолати қубурҳои пластикии корхона 50 солро дар бар мегирад.  

Корхонаи “Сифат пласт” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд ёфта, дар он то 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

“Қобил ба тазаккур аст, ки ҳамчунин дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор дар шафати коргоҳи нав бунёди корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикиро оғоз кардааст, ки то таҷлили ин ҷашни муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Пас аз амалишавии ин иқдом, боз 30 нафари дигар соҳиби ҷойи кор гардида, дар ин баробар истеҳсоли маҳсулоти нави ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0