14:17 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1141 0 0

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем ва аз мардум даъват кард, ки ба воҳима дода нашаванд

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Раисиҷумҳури ТОҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд, аз таърихи Наврӯз ёдовар шуд ва гуфт мардум бояд дар чунин вазъияти мушкили ҷаҳонӣ чӣ кор кунанд.

Ба гуфти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ободу зебо кардани маҳалли зист, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ яке аз хислатҳои беҳтарину азалии мардуми тоҷик мебошад.

"Хусусан, дар шароити паҳншавии босуръати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эътибори ҷиддӣ додан ба ин масъалаҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зеро саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи уст. Дар ин раванд, зарур аст, ки мардуми мо ба воҳимаю таҳлука наафтанд ва танҳо мувофиқи тавсияи мутахассисон амал намоянд", - гуфт кишвардор ва афзуд, ки "мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем".

Бино ба гуфтаи президент, тибқи маълумоти муаррихон Наврӯз ба унвони ҷашни шодиву нишот ва пирӯзии равшанӣ бар зулмат ҳанӯз дар замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардида, барои таҷлили он барномаҳои хосса, аз ҷумла покизаву тоза намудани хонаву манзили зист, бахшидани гуноҳи якдигар ва монанди инҳо муқаррар шуда будаанд.

Асрҳои баъдӣ тавассути хонадонҳои Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён шаҳомати Наврӯз дар қаламравҳои зисти мардуми мо густариши бештар пайдо кард.

Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

"Имрӯз мо бо ифтихору шодмонӣ эълон медорем, ки Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост".

Фавти 694 нафар дар Тоҷикистон аз зукоми хатарноктар аз корона: муроҷиати Раҳмон ба мардум

Раисиҷумҳур мардуми кишварро ба муносибати Наврӯз муборакбор гуфта, таманно кард, ки  "Наврӯз ба ҳар як хонадони мардуми мо, кулли тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам паёми бахту саодат ва сулҳу субот оварад".

Барчаспҳо:
вирус, Наврӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ